Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

САВДОИ ОДАМОН. ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

5 феврали соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳти сарварии муовини раиси ноҳия Маҳмадисо Ҷононзода ҷаласаи ҳайати корӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, дин, ҷавонон, занон, комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар қишрҳои ҷомеа оид ба муқовимат ба савдои одамон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.   Ҷаласаро муовини раиси ноҳия Маҳмадисо Ҷононзода ифтитоҳ бахшида,  муовини Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илми ҳуқуқ дотсент Зафарҷон Зокирзода вобаста мавзӯи баррасишаванда гузориши муфассал ироа кард.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ  ҷиҳати пешгирии савдои одамон ва ёрӣ ба қурбониёни савдои одамон дар асоси нақшаи тадбирҳо тамоми чораҳои лозимиро андешида, баҳри бурдани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ нишасту вохӯриҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва гузаронидани семинару машвараратҳо вусъат хоҳанд бахшид.