Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

КОРҲОИ БИЁТЕХНИКӢ ДАР ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НОҲИЯИ РАШТ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи дастгириҳои пайвастаи Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт маҷмӯи корҳои биётехникӣ амалӣ карда шуданд.
Корҳои мазкур ба нигоҳдорӣ, ҳифз ва беҳтар намудани шароити зисти парандагону ҳайвоноти ваҳшии ҷангал равона гардида, ҷиҳати таъмини ғизо, мутобиқшавии онҳо ба шароити фасли зимистон ва пешгирии камшавии саршумори олами ҳайвонот дар қитъаҳои муайяни ҷангалӣ ба роҳ монда шуданд.
Гузаронидани чунин тадбир
ҳо ҷузъи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, ба нигоҳдории гуногунии биологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими мувозинати экологии минтақа мусоидат менамояд.
Ма
қомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати экологии давлат, ҳифз ва барқарорсозии олами набототу ҳайвонот чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад намуд.