16.12.2025 Тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо менамоянд.
Ҳайати бисёрнафараи ДОТ дар ноҳияи Рашт дар толори Шурои олимони бинои асосии донишкада ва маҷлисгоҳҳои 6 факултет ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо доранд.

