Муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад-таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарки ин маънӣ санаи 28 августи соли 2025 аз тарафи муовини Вазири маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музафарзода Баҳридин ва раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 дар деҳаи Ярхаби Чуқурак Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103 дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалон мавриди истифода қарор дода шуданд.