Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо корҳои ободонию созандагӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза касб карда, пайи ҳам биноҳои хуштарҳи замонавӣ қомат афрохта истодаанд.
  Ёдовар мешавем, ки саннаи 24 августи соли 2025  бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзали Идизода,  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм  Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Идизода Зарина Фузайлшо ба истиқболи  ҷашни  34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ Толори Варзиши дар деҳаи Бедак, Муассисаи таҳсилоти то мактабии 8 дар Ҷамоати Деҳоти Ҷафр деҳоти Нимич ва Майдончаи Варзиши дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх деҳаи Кулобаи ноҳияи Рашт майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
 Бо итминон метавон гуфт, ки бунёди иншоотҳо ба некуаҳволии мардуми маҳал мусоидат намуда, симои ноҳияро ба куллӣ тағир хоҳанд дод.