Санаи 15 июли соли 2025 дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Рашт маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли равон бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт узвми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо доир гардид.
Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия аз ҷумла, ободониву созандагӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ба таҳсили пурра фаро гирифтани хонандагон , пешгирии зуҳуроти барои ҷомеаи номатлуб, бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби наврасону ҷавононро ба варзиш, ташкили озмунҳои китобхонӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки замин, кишти зироатҳо, фаъолсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва фаҳмондани он миёни аҳолиро таҳлил намуда, ба масъулин дастур супоришҳои мушахас дод.
Ҳамчунин, бо боварӣ таъкид гардид, ки бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самту соҳаҳо дастовардҳо рӯз аз рӯз афзун хоҳанд шуд ва мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рашт ҷашнҳои фархундаи миллиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва сипосгузорӣ аз фазои сулҳу субот ва озодиву ободии кишвар истиқбол хоҳанд гирифт.
Ҷаласа бо тарҳрезии нақшаҳои нав барои давраи минбаъда ба анҷом расид.