Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт озмуни “суруди сарбоз” баргузр гардида, даври ҷамъбастии он дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт доир гашт. Дар чорабинӣ, намояндаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командирони қисмҳои низомӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон буда, хеле ҷолибу муассир аз ҷониби иштирокдорон пазируфта шуд.
Сабтҳои охирин
КОРҲОИ ТОЗАКОРӢ ВА ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади зебо гардондани муҳити зисту таъмини тозагии муҳит, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт корҳои тозакорӣ ва ободонӣ бо маром идома доранд. Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳафтаҳои ахир бо ҷалби […]
ШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
Чорабинии ноҳиявӣ ба истиқболи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли равон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Маркази ноҳия – шаҳраки Ғарм он рӯз фазои идона ба бар дошт. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 27 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ […]
ТАБИБОН – МУҲОФИЗОНИ СОЛИМИИ ҶОМЕА
Табрикоти Раиси ноҳияи Раши, муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бахшиди ба рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ. Ҳамасола, 18-уми август бахшида ба иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гушаву канори мамлакат ҳамоишҳои бошукӯҳи идона доир гашта истодааст. Қайд кардан ба маврид […]

