Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар арафаи Соли нави мелодии 2025 ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус оилаҳое, ки аз ду маъюб зиёд доранд, шахсони рӯзгордидаи бистарӣ, сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар ноҳия туҳфаҳои молию пулӣ ва солинавӣ дастрас карда шуд.
Инчунин, ба сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дастархони идона ороста шуда, роҳбарияти ноҳия онҳоро ба Соли нави мелодӣ табрик намуда, изҳор доштанд, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пайваста зери ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дода мешаванд.