Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

  Имрӯз 10 декабри соли 2024  дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб бо як шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид.

  Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

    Нахуст, раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, суханронӣ намуда,  ҳозиринро ба ифтихори таҷлили ин ҷашни бисёр муҳим, яъне 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид карданд, ки имсол аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки он маҳсули андешаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, 30- сол пур мешавад.

   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 30 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасе анҷом дод. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид.

  Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз аҳли иштирокчиёнро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуда, ҳамзамон, дар суханронии хеш зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда, ҳифзи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароитҳои тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекарданд, дар ҷомеа мақоми ҳизби роҳнаморо соҳиб шуд.

   Дар қисми тантанавии чорабинӣ фаъолону собиқадорони ҳизб аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом бахши фарҳанги ноҳия бо таронаҳо дилангези ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардониданд.