Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм башида 30- юмин солагарди рӯзи қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона  баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мазкур  муовини раиси ноҳия Шаидзода Раҳматуло иштирокчиёни ҷамъомадро ба ин санаи таърихӣ табрик намуда,изҳор дошт, ки қабули Конститутсия дар солҳои авали Истиқлолияти давлатӣ барои мустаҳкам гардидани  пояҳои ҳокимияти Конститутсионӣ ва эҳёи ваҳдати миллӣ асос гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун давлати мустақил барои барқарор ва ташкили асосҳои давлатдорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат карда, амният ва оромии ҷомеа, суботи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодиро дар кишвар таъмин намуд.

Аз рӯзи қабули санада мазкур, ки  ҳамасола ба 6-уми ноябр ростмеояд ба хотири пос доштани ин муқаддасоти миллӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони олам чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор карда мешаванд. Ин аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, солгарди қабули Конститутсияро дар сатҳи баланди  сиёсию фарҳангӣ таҷлил  намояд.

  Дар фарҷоми чорабини ҳунармандони бахши фарҳанг  бо барномаи рангини консертӣ  аҳли нишастро шод карданд.