Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО

   Баргузории сӯҳбату мулоқотҳо дар доираи Нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Рашт дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчунСоли маърифати ҳукӯқи”  дар Ҷамоати деҳоти Навдӣ МТМУ 28 ва МТМУ №86 бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон, шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид.

Мазмуну муҳтавои ин мулоқотҳо пешгирии насли наврасу ҷавонон аз шомишавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалб намудани духтарон ба зиннаи сеюми таҳсилот ва идомаи таҳсили онҳо дар макотиби олӣ тавассути маркази миллии тестӣ балан бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасу ҷавонро дар бар мегирад.