Ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар як ҷамоат ҳунарҳои мардумӣ ва роҳпаймоии аҳли ҷамоатчигӣ доир гардида истодаанд. “Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур фаъолони касбу кори гуногун, ғолибони даври ноҳиявӣ ва минтақавии иштирокчиёни озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм Фурӯғи маърифат», «Точикистон –Ватани азизи ман» ва волидайни онҳо аз тарафи раиси ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо алҳол дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Ҷамоати шаҳраки Навобод баргузор карда шуданд.
Сабтҳои охирин
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ МУДОФИАВӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
15 майи соли 2026 дар маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳарбӣ оид ба мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими омодабошии ҷангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти таъмини амният ва мудофиаи кишвар арзёбӣ гардид. Дар чорабинӣ муовини аввали сардори […]
ТАНТАНАИ НАВРӮЗӢ
Аҳли деҳаи Тагобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба дар ҳамбастагӣ бо хонандагони МТМУ №10 ҷашни Наврӯзи Аҷамро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намуданд. Намоиши дастархони Наврӯзӣ бо пешкаши хурокҳои миллӣ, ҳафтсину ҳафтшин ба маърази тамошо гузошта шуда, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла гуштини миллӣ, банкашак, хурусҷангу дигар анъаноти мардумӣ доир карда шуданд. Ҳама ҷо анҷумани […]
Рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм аз ҷониби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта.

