Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАРҒИБИ АРЗИШҲОИ ҲУҚУҚӢ

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз масоили мубрамест, ки ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои хеш ҳифз ва истифода карда тавонад.
Ба ин хотир дар доираи на
қшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 15 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт конфренсияи илмӣ – оммавӣ доир гардид.
Дар
ҷараёни конфронс маърӯзачиён дар хусуси баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба ҳуқуқи инсон баромад намуданд.