Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба муносибати 27-умин солгарди ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 27 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Сипас, як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия бо ифтихорнома ва сипосномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.