Санаи 20 июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ вобаста бо ду мулоқоти охири Пешвои муаззами Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар суҳбату вохури доир намуданд.
Ҳамзамон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, аз намоиши мазкур Муовини Раиси ҲХДТ, раиси ноҳияи Рашт ва ҳайати ҳамроҳонаш дидан намуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ зимни суҳбати пурмуҳтавои хеш бо аҳли зиёи
ҷамоат бо такя ба таъкидҳои ҳамешагии Роҳбари давлат баҳри омухтани илму дониш ва забондон ба воя расонидани фарзандон дар хитоб ба занону модарон иброз дошт, ки фарзандони хешро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Онҳоро дар роҳи илму маърифат ва донишу хирад, мутобиқ ба талаботи замон дур аз таассубу хурофот ба воя расонанд.
Мавсуф изҳор дошт, ки ба фарзандони худ пеш аз ҳама, дуст доштани Ватани хеш, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ ва ҳифз намудани фарҳанги миллиро биомузед, то ин ки дар оянда ба доми фиреб гурӯҳҳои экстеремистиву террористӣ наафтанду ба миллату
давлати худ хиёнат накунанд ва номи пуршарафи шумо волидонро
дар миёни ҳамдеҳагон доғдор насозанд.
Бинобар ин, пас аз анҷоми вохурӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси ноҳия Идизода Зарина ва дигар ҳамроҳон ба хотири аёдат ва дастрас намудани маводи озуқаворӣ ба манзили як нафари имконияташ маҳдуд рафта, аз ҳолу аҳволи у бохабар шуданд.