Имрӯз, 31 май дар толори қасри фарҳани ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Ҳамзамон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳо ва дастовардҳои дастии мурабиён ва кӯдакон ба намоиш гузошта шуданд. Аз намоиши мазкур раиси ноҳияи Рашт, муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва ҳайати ҳамроҳонаш дидан намуданд.
Раиси ноҳия номаи шодбошии худро ироа намуда, зимни суханронӣ таъкид карданд, ки ҳар сол чун анъана 1 июн Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар сросари олам, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн чун меҳвари давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кўдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қарор дорад.
Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кўдакон, бахусус ба кўдакони ятиму бепарастор дилсўзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.
Ҳамзамон аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ, тақдим карда шуд ва аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба кӯдакони навтаваллудшуда шаҳодатнома дар бораи таваллуд тариқи ройгон дода шуд.