Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ   

 6 январи соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар маркази ноҳия шаҳраки Ғарм аксияи тозагӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 1000 (ҳазор) нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯён ва дигар фаъолону аҳли зиё баромада, кӯчаву растаҳо ва гирду атрофи иншоотҳои давлатию ҷамъиятиро тоза намуданд.
    Гуфта мешавад, ки Рашт ноҳияи марказии водӣ буда, бо манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосояш дар меҳвари таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру сайёҳат қарор дорад.
   Ҳамарӯза дар ин диёр, махсусан дар шаҳраки Ғарм меҳмонони зиёде рафтуо мекунанд.
Аз ин хотир, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯшаи он, бахусус шароити мусоиди истироҳат муҳайё кардан барои меҳмонону бошандагони маҳаллӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахусус раиси он – узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад.
    Ёдовар мешавем, ташаббусҳои мавриди назар аз роҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар ноҳияи Рашт вобаста ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бобати тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон, шароити мусоид фароҳам овардан дар меҳмонхонаҳою ошхонаҳо ва сарсабзу хуррам гардонии ҳар гӯшаи он пайваста чунин аксияву шанбегиҳо ва нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.