Ноҳияи Рашт дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонони сини даъватии 1996-2005 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона баромад.
Ба ин хотир, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоте, ки иҷрои саривақтии нақшаро таъмин карда буданд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин дар маҷлиси имрӯза як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳое, ки нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ саривақтӣ иҷро намудан бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Мудири бахши иттилоот: Т. Хоҷаев