Бисту нуҳ сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафти ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Дар таърихи мардуми мо нахустин маротиба дар Конститутсияи мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ аст ва танҳо халқ таҷассумкунандаи Истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист.
Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар бахшҳои гуногун, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати роҳнамо хидмат мекунад ва хоҳад кард.
Дар ин асно, санаи 4-юми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода тантанаҳои идона бахшида ба 29 – солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ҳар сокини ноҳияи Рашт бо дарки амиқ эҳсос мекард, ки Конститутсия ҳамчун дастоварди беназир барои миллату давлат муҳимтарин ва бебаҳотарин сарват аст.
Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ– суд, прокуротура, амният, милитсия, комиссариати ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»–и ноҳия, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Сараввал мудири бахши фарҳанги ноҳия Лоиқова. З ҷамъомадро кушода эълон намуд.
Сипас Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи Рашт ва ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Конститутсия – давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад.
Баъдан муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иброз намуданд, ки мо бо азму иродаи халқ Конститутсияи давлати мустақили озоду адолатпарвари Тоҷикистон қабул гардида, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Дар баробари ин, раиси суди ноҳияи Рашт Бародзода. Б бо сухани табрикотӣ кулли сокинони ноҳияи Раштро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ибрози андеша намуданд, ки мову Шумо вазифадорем шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ намуда, дар роҳи бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.
Дар фарҷоми чорабини ҳунармандони бахши фарҳанг бо барномаи рангини худ хотири аҳли нишастро шод карданд.
Мудири бахши иттилоотӣ дастгоҳи
раиси ноҳияи Рашт: ХОҶАЕВ ТОИР