Дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони саодатманди кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллат ҳастанд. Мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Роҳбари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад.
Санаи 18 октябри соли 2023 дар партави дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз тарафи Муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Раҷабзода Рустам Сафаралӣ, дар якҷоягӣ бо муовини Раиси ноҳияи Рашт Муродзода Бахтиёр Сайалӣ, дар бинои Колеҷӣ тиббии ноҳияи Рашт бо омӯзгорон ва донишҷуёни коллеҷи мазкур, оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, аз қабили экстремизм ва тероризм, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, садоқат ба ватану миллат ва дар ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо вохурии навбатӣ гузаронида шуд. Дар анҷоми чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Муродзода Бахтиёр ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барои баргузории чунин вохуриҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки омӯзгорон ва донишҷуёни коллеҷӣ тиббӣ махсусан гурӯҳи ҷавонони “Авангард” аз ҳисоби донишҷӯён ҳама вақт баҳри ҳамкорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тарбияи ҷавонон нақши бориз дошта, дар пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодаанд. Ва чунин чорабинихо дар оянда низ дар сатҳи маҳал гузаронида мешавад.