Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Санаи 11 октябри соли равон дар асоси амри раиси ноҳияи Рашт аз 01 августи соли 2023, № 133 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар рӯзномаи маҳаллии “Оинаи Рашт” эълон ва нашр гардида, аз ҷониби 12 нафар довталабон ба унвони раиси Комиссия ҳуҷҷатҳои лозима пешниҳод гардиданд.

Озмуни мазкур аз ҷониби ҳайати Комиссия ба таври шаффофу одилона баргузор гардида, 12 нафар довталабоне, ки ба вазифаҳои интихобкардаашон лоиқ дониста шуданд, ба ишғоли мансабҳо пешниҳод гардиданд.

Дар озмун раиси комиссия, муовини аввали раиси ноҳия – Шаифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, Садриддинов А.Б мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намудаанд.