Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Ҳисоботҳо

ИФТИТОҲИ  БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИБОЛОШАҲРИ  НОҲИЯИ РАШТ САНАИ 03.10.2023

Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77-и деҳаи Болошаҳри  Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат  соҳиби бинои нави таълимӣ гаштанд, ки аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Маликов Зафарҷон ва Давлатов Шарифбек сохта  мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нави таълимӣ бо фарогирии 350 ҷои нишаст дар як баст бо сифати аъло сохта шуда, бо  таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин гардидааст.
Дар ифтитоҳи бинои мазкур  раиси  ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ширкат намуда,  иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Соҳибкорони ватанӣ барои саҳми назаррас  гузоштанашон бо сипосномаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қадрдонӣ карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар соли ҷорӣ, ин даҳумин бинои таълимӣ мебошад, ки мавриди истифода қарор мегирад.

Суратгузориш аз рафти ба истифода додани  бинои навъи таълимӣ дар  ноҳия Рашт