Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз намоиши дастовардҳои корхонаҳои саноати , кишоварзи ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Рашт, дидан карданд. Дар ин намоиш асосан маҳсулотҳои кишоварзи, аз қабили картошка, сабзи карам, ва инчунин маҳсулоти корхонаи ордбарорию ангишти кони Камароб ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Дар ин мулоқот раисони ноҳияҳои Рашту Нуробод ва Сангвор , роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҷамоатҳои шахраку дехоти ноҳияҳо, зиёиён ва аҳли ҷамоатчиги иштирок намуданд.
Ҳадафи мулоқот бо мардум аз расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои қавӣ гардонидани андешаҳои миллӣ, танзими муносибатҳои ҷамъияти муҳим буда, барои пешрафти илм, фарҳанг, саноат, энергетика, татбиқи ҳуқуқ, ихтироъ, илмҳои дақиқ, риёзӣ, гуманитарӣ ва ғайра нақши арзанда дорад. Бинобар ин, шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем, ва дар якҷоягӣ барои ободии Ватанамон саъю кушиш намоем.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Рашту Нуробод ва Сангвор аз дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, ваҳдати сартосарӣ ва рушди босуботи Тоҷикистонро аз баракати истиқлоли давлати ва сулху субот арзёбӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки вазъи тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баландшавии ҳарорати ҳаво, ба миён омадани камобӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, бештар фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар бартарафсозии оқибатҳои он гузорем. .
Дар мулоқот фаъолони ноҳияҳо доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, дастгирӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, инчунин хамаҷониба дастгирӣ намудани дастуру хидоятҳои Сарвари мамлакат оид ба истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, захираи дусолаи хӯрокворӣ ва пешгирии исрофкорӣ андешарони намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот бо таъкид аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат фаъолони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳоро даъват намуд, ки бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода сахми арзандаи худро гузоранд.