Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 22-02-2022 дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, устодону донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини  раиси ноҳия Бахтиёр Муродзода оғоз намуда, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо фарорасии Иди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон хушбахтиҳои беназирро таманно намуд.

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, номаи табрикии худро бахшида ба 29 солагии таъсисёбии Артишии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард. Аз ҷумла ӯ иброз дошт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст. “Ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии  мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ  хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони  қудратиро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд. – гуфт раиси ноҳия зимни ироаи номаи табрикии худ.

Аз тарафи раиси ноҳия, Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссариати ҳарбии ноҳия ба сарбозону афсарон, ба фаъолону зиёиёне, ки дар сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат саҳм мегузоранд, ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шараку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ бинобар ҳамкории ҳамаҷониба бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссариати ҳарбии ноҳия аз тарафи ниҳоди мазкур бо сипоснома сарфароз гардонда шуданд.

Пас аз анҷоми маросими туҳфасупорӣ дастаи ҳаваскорони қисмҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини театркунонидашудаеро манзури ҳозирин гардонданд.

Гуфта мешавад, ки ба сарбозону афсарон дар хотимаи чорабинӣ аз тарафи раиси ноҳия хуроки яквақтаина дода шуд.