Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МУБОИЗАИ ДАСТАҶАЪОНА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

   Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиатноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, авхлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфи мерасонад.

Яке аз падидаҳои нохуш ва номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин ҳодисаҳои коррупсионӣ, аз қабили ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгӯи, истифода бурдан аз вазифа ва суистифода кардан аз ваколатҳои ҳуқуқӣ давлатӣ мебошад. Ва ман мухтасар мехоҳам ҳамчун як шахси соҳибҳуқуқ ва шаҳрванди комилҳуқуқ андешаҳои худро перомуни ин масъалаи доманадор ва ҳалталаб иброз намоям.

Қобили зикр аст, ки мубориза бар зидди коррупсия ва ошкор сохтани камбудиҳо дар ин самт, коҳиш додани равандҳои он дар кори дастаҷамъонаи тамоми соҳаҳои ҷомеа ба шумор меравад, зеро ин вабои иқтисодӣ, ки дар ҳама самтҳои ҷамъиятӣ ба назар мерасад ва бартараф кардани камбудиҳо моро ба зиндагии хушу босаодат роҳнамо месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Пеш аз ҳама мо бояд ба моҳияти ин калима, яъне коррупсия сарфаҳм равем ва моънои луғавии онро донем: Коррупсия (калимаи лотинии corrupsion – бо порра ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан) зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар соҳаи сиёсат ё идоракунии давлатӣ мебошад, ки дар истифодаи қасдонаи вазъи хизматии худ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои ғайри қонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ ва имтиёзҳо дар шакли дилхоҳ, ҳамчунин харида гирифтани ин шахсон истифода мегардад.

Агар ба адабиётҳои ҳуқуқӣ назар афканем мебинем, ки коррупсия ба маънои пораситонӣ, ришва додан, сохтакорӣ, хешутаборчигӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, ғайриқонунӣ аз они худ кардани моликияти давлатӣ, хушомад намудан ва ғайраҳо мебошад.

21 июли соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “ дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва коррупсия” барраси гардид. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро қабул карданд. То имрӯз дар ин қонун як чанд маротиба тағиру иловаҳо низ ба назар мерасад. Бо мақсади беҳтар шудани низоми мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳо бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2007 Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки то имрӯз кормандони он барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта саъю кушиш намуда, даҳҳо ҷиноятҳоро дар ин самт ошкор сохтаанд.

Оқибатҳои манфии коррупсия ва сари вақт пеши роҳи ин ҳодисаҳои коррупсиониро нагирифтан албатта ба таҳқири аҳҳолӣ ва монеа эҷод намудан дар фаъолиятҳои онҳо, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ ва паст намудани зисту зиндагии қисми бештари аҳолӣ, зарар овардан ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзиву хоҷагидорӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон оварда мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин марази ҷомеаро қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватани азизамонро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.