Соҳибихтиёрӣ, ҳамраъйиву ҳамдилӣ, муттаҳидиву ягонагӣ асоси шукуфоӣ ва равнақу ривоҷи ҳар давлату миллат аст. Ҳарчанд пас аз ҳазор сол, оғози солҳои 90-уми асри гузашта, халқи тамаддунофари тоҷик истиқлолияти давлатиро ба даст оварда бошад ҳам, душманони миллат бо ҳамдастии хоҷагонашон мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бенизомӣ, бесарусомониву харобкориҳо авҷ гирифта, иқтисоди кишвар рӯ ба таназзул овард.
Бар асари ин, дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат, ноҳияи Рашт низ хисороти ҷиддӣ дид, тамоми соҳаҳои халқи он фалаҷ гаштанд. Кишоварзон барои кишту парвариши зироатҳо на тухмӣ пайдо карда метавонистанду на техникаву на сӯзишворӣ. Каналҳо вайрону валангор, нуқтаҳои обтаъминкунӣ аз кор баромаданд.
Чорводорӣ рӯ ба рукуд ниҳод, пиллакорӣ аз байн рафт, боғҳо аз ҳосил монданд. Рӯз ба рӯз вазъият бадтар мешуд. Ояндаи тираи кишвар ба дили мардум тухми ноумедӣ кошта буд. Аммо чуноне мегӯянд, аз навмедиҳо басе умедҳост.
Дар ҳамин давраи ҳассосу тақдирсоз зимни баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданд ва ба шарофати қадами пурфайзу пурбаракаташон зиндагии мардум ранги тоза ва мамлакатро сулҳу субот фаро гирифт. Халқи азиятдида бо дили гарм ба меҳнати созандаву бунёдкорона камари ҳиммат баст. Дар натиҷа, сатҳи некуаҳволии сокинон беш аз пеш беҳтар шуд ва иқтисоди фалаҷгашта барқарор гашта, рӯ ба инкишоф ниҳод.
САФАРЕ, КИ МОЯИ УМЕД ГАШТ
Моҳи сентябри соли 2000-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд. Суханони самимӣ ва боварбахшу баэътимоди Сарвари маҳбуб оид ба иқтидори бузурги иқтисодии мамлакат мардуми ноҳияро боз ҳам рӯҳбаландтар кард, ба онҳо болу пари нав бахшид.
Маҳз ба шарофати суханони пур аз ҳикмати Пешвои муаззами миллат, дар тамоми ҷабҳаҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуданд. Аз ҷумла, сокинони меҳнатқарини ноҳия рӯ ба замин оварданд ва дар натиҷа картошкапарвариву ғаллакорӣ авҷ гирифта, боғҳои нав доман паҳн карданд.
Ҳамзамон, кирмакпарварӣ, ки дар замони шӯравӣ яке аз шуғлҳои асосии кишоварзони ноҳия ба ҳисоб мерафт, боз ривоҷу равнақ ёфт. Дар ин ҷода занбӯриасалпарварон низ бо азми устувор ва заҳмати фидокорона дар эҳёи ин соҳаи манфиатнок ҳиссаи арзанда гузоштанд. Бартар аз ин, фаъолияти бонкҳо сол ба сол беҳтар шуд ва дар доираи барномаҳои ҳукуматӣ ба кишоварзон қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардиданд, ки ин тадбир мушкили деҳқононро бамаротиб осон намуд. Хуллас, туфайли созандагиву бунёдкориҳо тамоми соҳаҳо беш аз пеш рушд меёфтанд.
Самараи ҳамин заҳматҳо буд, ки, аллакай, соли 2012 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия 69 миллиону 207 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба ҳар сокин аз 712,5 сомонӣ ба 2751,3 сомонӣ расид. Даромади буҷети маҳаллӣ бошад, аз 6 миллиону 69 ҳазор сомонии соли 2006 ба беш аз 35 миллион сомонӣ афзуд.
СӢ СОЛИ ПУРБАРОР
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар меҳнаткашон кишоварзони ноҳия низ ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Албатта, дар як мақола имкон нест ҳамаи дастовардҳоро рӯи саҳфа орем, вале барои тасдиқи ин гуфтаҳо чанд ҳарфе аз рушди соҳа дар соли 2020 мегӯям, то хонандаи гиромӣ худ вазъи воқеиро нисбат ба соли 1995 муқоиса намояд.
Масалан, мувофиқи барномаи “Боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” бунёди 348 гектар боғ дар назар буд ва бо туфайли заҳматҳои фидокоронаи боғпарварон ин нишондод 356 гектарро ташкил дод.
Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зироаткорон дар майдони 3136 гектар картошка кишта, беш аз 63 ҳазор тонна ҳосил рӯёнданд. Истеҳсоли мева бошад, зиёда аз 18 ҳазор тоннаро дар бар гирифт. Дар маҷмӯъ, тайи ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қариб ба 460 миллион сомонӣ расид.
Барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз кишт берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, ба мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти Ҳоит хати об кашида мешавад. Айни ҳол ба маблағи 285 ҳазор сомонӣ 2,5 километр лӯлаи обгузар хобонда шуда, дар ин ҷода корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳамчунин, ҳоло бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ дар деҳоти Қалъаи Сурх марҳилаи якуми сохтмони канали “Мардумӣ” идома дорад ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 100 гектар замин шодоб мегардад. Ба ҷуз ин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳоти Қалъаи Сурх канали “Камчароғ”, ки солиёни зиёд аз истифода берун монда буд, ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ баромад, ки дар натиҷа 150 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид хоҳад гашт.
Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи кишоварзии ноҳияи Рашт тайи сӣ соли мустақилият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва ин ҳанӯз оғози кор аст. Заҳматкашони сарбаланди ноҳия пайваста саъю кӯшиш менамоянд, ки дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва, дар маҷмӯъ, пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.
Муқимӣ Раҳимҷон Набизода,
раиси ноҳияи Рашт
Бознашр аз нашрияи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият”
https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=44698