Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зали маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт конфронси милии сайёҳи оид ба муаррифии имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.
Дар кори чорабини раиси ноҳияи Рашт Муқими Раҳимҷон Набизода, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, муовини соҳавии раиси ноҳияи Рашт, роҳбарони ассотсиятсия ва ширкатони сайоҳӣ, соҳибкорони фаъоли ноҳия ширкат варзиданд.
Дар конфронс масъулини соҳа бо мақомоти маҳаллӣ ва идораҳои дахлдор роҳҳои рушди сайёҳии ноҳияи Раштро баррасӣ намуданд.
Дар оғози чорабини раиси ноҳияи Рашт Мукимӣ Раҳимҷон Набизода меҳмононро хайрамақдам намуда риштаи суханро ба муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода супурд.
Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода дар баромадаш изҳор дошт, ки дар ҳудуди ноҳия мавҷуд будани мавзеъҳои тамошобобу ҷойҳои ҷолиби таърихӣ, дарраҳои хушманзара, рӯду чашмаҳои куҳӣ имконият медиҳад, ки сайёҳи дар ин ноҳия рушд намояд. Дар ноҳия шаклҳои сайёҳии сайру гашти пиёдагардӣ ва аспсаворӣ, агроэкотуризм, рафтинг ва ҷойҳои таърихию зиёрати метавонанд даромади хуб биёранд.
Водии Рашт ин қисмат айни замон дар муқоиса бо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ё худ Боми Ҷаҳон ва Зарафшон, ҷавҳари кашношударо мемонанд, ки дорои иқтидори бойи сайёҳии экологӣ ва таърихию варҳангӣ, саҳми арзанда гузоранд.
Бо шарофати саҳибистиқлоли ва дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт рӯ ба пешравӣ оварда, ин гӯшаи мамлакат ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.
Ба истифода додани шоҳроҳи байналмиламӣ сарҳади Қирғизистон ба рушди сайёҳии мантақа баккони ҷидди бахшида, дар шафати роҳи номбурда аз тарафи соҳибкороне чайхонаю ташафхона, марказҳои савдо, нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт сохта шудааст.
Баргузории чунин чорабиниҳо ва татбиқи самаранокии Барномаҳои рушди сайёҳӣ ба болоравии ҷалби маҳсулоти сайёҳии маҳаллӣ оварда расонида, барои воридшавии ноҳияи Рашт ба нозоми бозорӣ хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар хотима атрофи мавзӯҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули андеша сурат гирифт.