Хабарҳо

РАШТ. БОЗ 18 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

      29 июни соли равон дар ноҳияи Рашт дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили биноҳои таълимию синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою каҳвахона, чоҳҳои амудию хатҳои оби нӯшокӣ, хонаҳои истиқоматӣ, корҳонаҳои истеҳсоли обҳои ташнашикану маҳсулоти қаннодӣ, нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав ва биноҳои  тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тавре Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат иброз доштанд, бунёди бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт асосан дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар шудани шароити таҳсил ва сифати таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст, зеро солҳои охир бо афзудани шумораи хонандагон нарасидани синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди 6 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ барои 800 ҷойи нишаст бино ва синфхонаҳои нави таълимӣ, инчунин дигар зербиноҳои иловагӣ бунёд шудаанд.

Ҳангоми ифтитоҳи бино ва синфхонаҳои нави таълимии ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳмадзода Нурмуҳммад Ато, роҳбарияти ноҳия ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, бунёди иншооти замонавиро барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мувофиқи матлаб арзёбӣ карданд.

Бунёди бинои иловагӣ барои шуъбаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Фурудгоҳи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум иборат аз 20 кат аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони 3 чоҳи амудӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмини аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Руноби Ҷамоати деҳоти Аскалон, сохтмони бинои нави таълимӣ дар деҳаҳои Ялдамичи Ҷамоати деҳоти Қалъанак, Чашмаи Қозии Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, Навдонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ва Ҳисораки Ҷамоати деҳоти Ясман, сохтмони маркази савдо, қаҳвахона ва 5 хонаи истиқоматӣ иборат аз ду ҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ғарм, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикану маҳсулоти қанодӣ дар деҳаи Ҳисораки Ҷамоати деҳоти Ясман ва нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав  деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарохам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шаҳодат медиҳанд, ки соҳибкорони ватандӯст онҳоро сохта ба истифода доданд.

– Бунёду мавридли баҳрабардорӣ қарор додани даҳхо иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ асосан барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми дурдасти кишвари азизамон пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин корҳои ободонӣ аз роҳи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, боварӣ ҳаст, ки ноҳияи Рашт бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, саъю талошҳои соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони заҳматпеша аз пештара дида боз ҳам ободтару зеботар мегардад, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ҳамдулло Шарифзода.