Сокинони ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд имсол ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар масири таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саъю талош карданд.
Тавре Ғайниддин Манонов, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, меҳнаткашони ноҳия майдонҳои киштзорро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ намуда, дар заминҳои талу теппаҳо бунёди заминҳои нави картошказорро васеъ намуданд.
Ба гуфтаи ӯ дар натиҷаи заҳматҳои ҳамешагии деҳқонон ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида майдони картошказор аз 2109 гектари соли сипаришуда ба 3047 гектар расида, дар қиёси соли гузашта анқариби 1000 гектар зиёд гардид.
Дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ низ дар самти дастгирии кишоварзон назаррас аст.
Маҳз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Дашти беоби деҳоти Ҳоит ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар масофаи 1,2 км қубур хобонда шуда, аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру барқарорсозии каналу пойгоҳҳои обкашии ноҳия 187 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар деҳоти Ясман канали «Ҳисорак-2» ба масофаи 8 км, ва канали «Ҳисорак-1» ба масофаи 6 км, «Қарашаҳр-1» ва «Қарашаҳр-2» ба масофаи 10 км бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва обистифодабарандагон таъмир шуд.
Пойгоҳи обкашии «50 солагии Тоҷикистон» дар деҳоти Навдӣ, ки солҳои дароз аз истифода берун монда буд, таъмир гардид. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони канали «Камчароғ» дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дошта, бо ба истифода додани он зиёда аз 100 гектар замин боз обёрӣ мешавад.
Соҳаи боғпарварӣ низ рӯ ба рушд дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар майдони беш аз 350 гектар боғи нав бунёд гардад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур соли сипаришуда дар майдони 73 гектар ва имсол низ дар майдони 71 гектари дигар боғи нави мевадиҳанда бунёд гардид. Ҳамчунин, 80 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд. То ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 гектар ҷангалзори нав бунёд ва 60 гектар ҷангалзори куҳна барқарор карда мешавад. Имсол 7 гектар ва соли сипаришуда 6 гектар ҷангалзори нав дар доманакӯҳҳои шаҳраки Ғарм бунёд ёфт…
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони ноҳияи Рашт бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ғайниддин Манонов.
М. Ризвонов, «Оинаи Рашт»