- Омӯзгорони муҳтарам! Ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Забон барҷастатарин ва гуётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад”.
Дар робита ба ин мавриди зикр аст, ки ҳар як давлату халқият хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург бо ҳастии забони миллиаш зинда аст. Зеро забони миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бо дарки ин мафҳум халқи тоҷик дар охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта, муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шуруъ карда буд.
Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид. Аҳамияти қабули ин қонунро дар ташаккули фарҳанги миллӣ зикр намуда, Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи забон чунин нуктаро ёдоварӣ кардаанд: “Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт”. Кунун баъд аз гузашти солҳо давлати миллии мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик дар ҷодаи рушду инкишофи забони тоҷикӣ ва ба ин васила пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои пурмасъулият мегузорад. Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудаан зарур аст ва забони тоҷикӣ танҳо воқеии илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Бояд гуфт, ки забон ҳам ба мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддасоти давлат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, муайян кардани муносибати давлат ба забон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ ба шумор рафта, пуштибонӣ намудан ба души давлату миллат вогузор мебошад. Бевосита ба таъкиди Пешвои муаззамамон “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Давлату миллат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон, давлат ва миллат дар паноҳи якдигаранд”.
Хушбахтона миллати тоҷик дар тӯли қарнҳое, ки дар зери таҳдидҳои муғризона ва миллатгароёнаи душманонаш қарор дошт, забони модарии худ ва ифтихори миллати хешро аз даст надодааст. Ҳеҷ неруе натавонист, ки забони моро аз байн барад.
Дастовардҳои беназир дар даврони истиқлолият дар соҳаи забони давлатӣ низ ба даст омад. Дар давоми 28-соли соҳибистиқлолии кишвар сиёсати забон ташаккул ёфта, таҷрибаи пурарзишеро рӯйи кор овард. Масоили забон ҳамеша ба сиёсати давлатдорӣ дар робита қарор гирифта, баҳри пешбурди сиёсати забон силсилаи қонуну қарорҳо қабул гардида, дар асоси онҳо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияҳои кориву назоратӣ дар ин самт таъсис дода шуданд.
Асари бунёдии Пешвои миллат “Забони миллат-ҳастии миллат” тадқиқоти марҳилавие гардид, ки ба бисёр муаммоҳои баҳснок ва ҳалталаби амалкарди забони тоҷикӣ ва таърихи он равшанӣ андохт. Рӯзи забони давлатии кишвар барои ҳар фарди соҳибзабон азизу муътабар аст.
Мавриди амал қарор доштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар яки мову шуморо вазифадор месозад, ки баҳри софу беолоиш нигоҳ доштани забоне, ки моро асрҳо аз фарҳангу тамаддун ва аз адабиёти пурғановати ниёгон меомӯзад, аз ин ҳам бештар талош варзем.
Дар сурате, ки Пешвои маҳбубамон аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ бо забони ноби модарӣ хеле ширину гуворо ҳарф мезанад, ифтихор аз соҳибдавлативу соҳибзабонӣ вуҷуди моро фаро мегирад.
Агар ниёгони мо ин мероси гаронбаҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, то замони мо оварда бошанд, пас мо онро барои ояндагонамон амонатдорӣ хоҳем кард. Зеро, забон барои як давраи муайяни таърихӣ ва ё танҳо барои як насл хизмат намерасонад, балки забон худ таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад.
Боиси нигаронист, ки қисмате аз мардум ҳанӯз ба забони модарии худ беэътиноӣ мекунанд. Забонеро, ки барои беолоишии он Қаҳрамони миллат Садриддин Айнӣ ва пайравони ӯ солҳои тӯлонӣ заҳмати зиёде кашидаанд, эҳтиром намекунанд, балки бо вожаву ибораҳои бегона ширинӣ ва фасоҳати онро коҳиш медиҳанд.
Барои дар ҳаёт татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳим нест, ки мо мунтазири ёвару маслиҳатгар бошем, балки вазифадорем, ки ҳар кадом ба қадри тавон баҳри беолоиш нигоҳ доштани он кӯшиш ба харҷ диҳем.
Беэҳтиромӣ ба забони модарӣ ба пайкари миллат зарбаи ҷонкоҳ мезанад, зеро шоҳсутуни ҳастии миллат забон аст.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳоло, ки Рӯзи забон бо Рӯзи омӯзгор дар як вақт фаро мерасанд мехостам ёдрас намоям, ки омӯзгор дар меҳвари эътибори ҷомеа қарор дошта, сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи онҳо, маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълиму дигар паҳлуҳои шахсии омӯзгор вобастагӣ дорад.
Омӯзгори асил асолату рисолати худро танҳо дар омӯзишу пажуҳиши дониши васеи худ нигоҳ дошта метавонад. Омӯзгор бояд донад, ки ба чӣ офаридаи бузурге сару кор дорад. Хусусан, дар ибтидои таълим ба наврасон, ки онҳо дар ин айём як олами рангини нафису нозукеанд ва печида дар ҳукми гуланд омӯзгор бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.
Маҳз баргузории ин ду ҷашн дар як вақт дар он ифода меёбад, ки дар покизагӣ нигоҳ доштани забони модарӣ омӯзгорони азизи мо, хусусан омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик низ бояд саҳми босазо дошта бошанд. Нодуруст истифода бурдани вожаҳо дар нутқ низ на танҳо дар байни хонандагони мактабӣ, балки дар байни калонсолон ҳам зиёд ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, лозим аст, ки ҳар фарди миллатдӯст барои ғанӣ гардонидани фонди луғавӣ талош намояд. Бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намуда, вожаҳои ноби забонамонро бо маънию шарҳаш аз худ кунад.
Дар маҷлису маҳфилҳо шевову равон сухан гуфтан мақоми марди сухандонро дар ҷомеа боло мебарад.
Дар хатми сухан лозим ба тазаккур аст, ки ҳар як сокини ноҳия бояд номбардори ниёгон, парчамбардори забону фарҳанг ва миллати хеш бошад. Танҳо бо ҳамин васила метавонем тарбияи фарзандонро дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, Модар ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, ба роҳ монем ва дар ин ҷода комёб шавем.
Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорро, ки ҳарду аз як сарчашма маншаъ мегиранд ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз самимона муборакбод гуфта, тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Сарбаланду саодатманд бошед!