Аксҳо Маориф Хабарҳо

Баргузории машварати августии омӯзгорон 29 августи соли 2019

Баргузории машварати августии омӯзгорон

Имрӯз 29 августи соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ба маърази тамошобинон гузошта шуда буд.

         Аз намоиши эҷодии хонандагон муовини раиси ноҳия Зарина Идиева, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ортиқов Холмаҳмад,  ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Идизода Файзалӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ҳикматулло Мирзоев, Ректори Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Хоналӣ, инчунин Президенти Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобизода Ғуломиддин дидан намуданд.

 

Баъди садо додани  Суруди миллии машварат  корӣ худро оғоз намуд.

 

 

 

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳикматулло Мирзоев ҳисобот дод. Вай дар ҳисоботи худ чунин қайд кард, ки алҳол дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки аз он 26 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 24 муассисаи таҳсилоти умуми асоси, 62 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 муассиса – интернати Ҷумҳуриявӣ фаъолият менамоянд. Инчунин, дар назди шуъбаи маориф маркази технологияи информатсионӣ, ва комуникатсия , маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2018-2019 27 ҳазору 606 нафар аз ҷумла 13 ҳазору 252 нафар духтарон ба таҳсил ҷалб карда шуданд.  Дар соли равон мутобиқи руйхати пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 117 нафар мутахассисони   ҷавон аз гуруҳҳои буҷҷавӣ бо роҳхат донишгоҳро хатм намуда ба кор пешниҳод шудаанд, ки то ҳол 35 нафараш ба ҷои кор ҳозир шудаанд. Ӯ дар бораи дастовардҳо ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта ҳисобот дода барои ислоҳи онҳо ба масъулин маслиҳатҳо дод.

     Аз руи ин масъала Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26  Мираков Садод ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Маҳрамов Ҳотамҷон баромад намуда фикру ақидаи худро баён намуданд . 

Инчунин Ректори Муассисаи давлатии Донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Хоналӣ,  ва  Президенти Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобизода Ғуломиддин  суханрони карда фикру ақидаҳои худашонро иброз намуданд.

 

Дар охир Муовини раиси ноҳия Зарина Идиева суханрони намуда машваратро ба анҷом расонид.

Барои ислоҳи камбудиҳо ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини соҳаро вазифагузорӣ намуд. Муроҷиати омӯзгорон қабул карда шуд. Ба як гӯруҳ омузгорон туҳфаҳо аз тарафи раиси ноҳия, Сипосномаҳо аз тарафи Ҳизби халқи демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои шуъбаи  маориф супорида шуд. Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.