Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз

19.03.2021 20:00, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

26.01.2021 12:15, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

02.12.2020 17:50, шаҳри Душанбе 2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.11.2020 19:06, шаҳри Душанбе Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 “Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2020 08:00, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Иштирок дар Гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.09.2020 10:30, шаҳри Душанбе 3 сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд. Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват” дар шаҳри Душанбе

01.09.2020 11:47, шаҳри Душанбе 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи нави ташхисию табобатӣ дар ду ошёнаи аввали бинои […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ба истифода додани сардхона дар шаҳри Душанбе

01.09.2020 10:00, шаҳри Душанбе      1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон”-ро мавриди баҳрбардорӣ қарор дода, аз намоиши кишоварзӣ дидан намуданд. Иншооти мазкур […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Ифтитоҳи Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”

01.09.2020 09:59, шаҳри Душанбе      1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

22.08.2020 13:58, шаҳри Хоруғ 22 август пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақом – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилоят бо самимияти хоса гусел карданд. Ёдовар […]