Суханрониҳои раиси ноҳия

Номаи табрикии раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз!

Замони муосир бо ҳама тазодҳояш дар сарнавишти инсоният нақши созанда дорад. Ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви фаъоли ҷомеаи башарӣ дар баррасиву ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир саҳми арзанда мегузорад. Ва ин обрӯву эътибори байналхалқии Тоҷикистони азиз ба фаъолият, ибтикорот ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад.

Ҳаёти чорякасраи кишвари соҳибистиқлоламон як давраи хоси таърихист. Тоҷикистони азиз дар ин масири кӯтоҳ, вале пуршараф зина ба зина марҳилаҳои мураккабу печидаро устуворона тай намуд. Муҳимтарин дастоварди ин давраи таърихӣ барои халқи тоҷик таҳкими пояҳои истиқлолияту ваҳдати  миллист. Ин дастовард роҳнамои тамоми  кору талошҳои халқи тоҷик дар давоми даҳсолаҳои дигар хоҳад буд. Басо мантиқист, ки оѓози матни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар партави таҳкими истиқлолу ваҳдат сурат гирифт, ки эҳёи маросимҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он сарчашма мегирад.

Имрӯз мову Шумо  ба ифтихори  таҷлили  яке аз  ҷашнҳои  бошукӯҳи  аҷдодиамон–Наврӯзи   байналмилалӣ  ҷамъ  омадаем. Ба ин муносибат тамоми мардуми  шарафманди  ноҳияро самимона  табрик  гуфта,  бароятон бахту нишот, сулҳу субот,  ваҳдати ҷовидона ва нерӯи тозаи созандагӣ  орзу менамоям.

Мавриди зикр аст, ки бо соҳибистиқлол  гаштаниТоҷикистон ҷашни  Наврӯз  дубора  эҳё шуд ва бо ин дастовард  ҳамасола таҷлили он дар мамлакатамон бо  тантана қайд карда мешавад.

Мардуми кишварамон  аз он сарфарозанд, ки  бо баракати  истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои-миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ваҳдати миллӣ  барпо  ва устувор гардида, урфу одат,  расму оини миллии ниёгон ва арзишҳои   муқаддаси аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзи Аҷам  бо табиати сарсабзаш  ба ҷашнвораи  ҷаҳонӣ табдил  ёфт.

Имрӯз Рашти бостонӣ тантана дорад – тантанаи Наврӯзи хуҷастапай, эҳёву шукуфоӣ, сароѓози кори деҳқону муждае аз тавлиди Соли нав.

Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи  гиромитарин  ҷашнҳои  мардумист, ки   решаи он  ба даврони бостон рост омада, рамзҳои  зиёдеро дар худ нигоҳ доштааст, ки аз қаъри  асрҳо то ба имрӯз бо  мафкураҳои мухталиф  ва динҳои гуногун созгор омада,  умри беш  аз чаҳорҳазорсоларо  сипарӣ  намуда, аз замоне оѓоз мегардад, ки мардуми аҷам дар атрофи шоҳ Ҷамшеди ҳумоюнфар ба ҳам пайвастанд, муттаҳид гаштанд ва  ин рӯзи бузургро Рӯзи нав  ё Наврӯз хонданд ва худро озодагон номиданд. Дар ин бора бузургтарин озодмарди олам Фирдавсии Тӯсӣ чунин фармудаанд:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт…

Ҷаҳон анҷуман шуд чу бар тахти ӯй,

Аз он баршуда фарраи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед–бар гавҳар афшонданд,

Мар-он рӯзро рӯзи нав хонданд.

      Наврӯз дар аҳди давлати Ҳахоманишиён ба ҳукми анъанаи ҷашни мардуми эронинажод табдил ёфта буд. Дар он замон Ҳахоманишиён рӯзи наврӯзро басо некӯ қадр мекарданд. Шоҳон дар ин давр мардуми оддиро пазироӣ намуда, аз кору пайкор ва аз арзу доди онҳо аз наздик бохабар мешуданд ва ба табақаҳои нодор  дасти мадад дароз мекарданд. Мардуми эронзамин замонҳое, ки дар тахти фармонбардорӣ қарор доштанд, расму русуми наврӯзиро фаромуш накарданд ва ин оинро аз насл ба насл ба мерос гузоштанд.

      Дар замони  давлатдории Сосониён оинҳои басо куҳан зинда шуданд ва фарҳанги арзишманди ниёгон дар саросари кишвар ривоҷу равнақ ёфт. «Наврӯз» 14-16-уми моҳи март ҷашн гирифта мешуд  ва ин тақвими сосонӣ дақиқ набуд ва ислоҳот мехост. Як гурӯҳ олимони он давр бо сардории Умари Хайём дар муддати панҷ сол тадқиқот ва таҷрибаҳо гузаронида, ниҳоят дар рӯзи даҳуми рамазони соли 471-и ҳиҷрӣ, яъне шашуми моҳи марти соли 1079 мелодӣ тақвими навро ҷорӣ намуданд. Пас аз дақиқу саҳеҳ гардидани солшумории шамсии сосонӣ соли нав, яъне «Наврӯз» рӯзи аввали моҳи фарвардин, ё ин ки ҳамал, бо баробаршавии шабу рӯз 21-22 моҳи март ҷашн гирифта шуда, минбаъд устувор гардид.

       Дар Тоҷикистон Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ  табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро  дар тӯли  садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.

     Дар ин маврид  Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд, ки : «Аз ҷониби  Маҷмаи Созмони  Милали Мутаҳид  ба ҳайси ҷашни  ҷаҳонӣ  пазирифта шудани  Наврӯз  гувоҳи  он аст, ки  ҳанӯз  дар  замонҳои  қадим  ниёгони  мо бо холисии  ният  ва армони  олӣ ҷашнеро падид оварда  буданд, ки  паёму ваҳдати муҳаббат,  покию садоқат,  зебоиву  нафосат ва бедорию заҳмат будааст».

Наврӯз аз рӯзу  замон ва мавҷудияти худ  башорат дода,  гузаштаро  ба оянда  мепайвандад то, ки  башарият тасвири  аслии  худро дар он бубинад ва ба ҳуввияти худ ошно шавад.

Бо таҷлили  ин ҷашни  бостонӣ  моро зарур аст, ки  анъанаҳои  деринаи   миллиамонро густариш бахшем,  мардумро  ҳар чӣ бештар  муттаҳид созем ва онҳоро  ба ободу  зебо гардонидани  диёрамон  сафарбар намоем.

Дар баробари  ин Наврӯз пайки баҳор аст,  эҳёи табиату зиндагӣ,  қабл  аз ҳама ҷашни кишоварзон мебошад, зеро  хони  пур  аз неъмати  мо вобаста  ба заҳмати марди деҳқон  аст.

Ҷашни Наврӯз, ки аслан марбут ба марди деҳқон аст мехоҳам зикр намоям, ки истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти  худӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди саноатӣ аз корҳое мебошанд, ки ҳар сокини маҳал бояд онҳоро ба хотири рушду нумуи ноҳия анҷом диҳад.

Бо дарки ин мафҳум хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ният доранд, ки дар мавсими имсола дар майдони 1250 гектар картошка, 970 гектар ѓаладона,  312 гектар сабзавот, 530 гектар зироатҳои техникӣ кишт намуда,  70 гектар боѓҳои нав бунёд намоянд.

 Дар баробари ин маҳз  бо дастовардҳои  меҳнатии  худ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта метавонем.

Зеро, бо соҳиб гаштани истиқлолияти комили давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд омад ва оѓози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид.

Ин марҳилаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои ниҳоят пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт.

Яке аз омилҳои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии ин неъмати бебаҳо ва ҳимояи он, дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан парваридани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Масоили созандагию бунёдкорӣ низ аз ҷумлае мебошанд, ки ба рушду тараққиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд. Қобили қайд аст, ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 272 банд таҳия гардидааст, ки аз ин 255 ададаш ба бунёди сохтмону иншоотҳои хурду бузург равона гардида, дар соли 2018-58 иншоот ва дар соли 2019-102 иншоотҳои барои хоҷагии халқ муҳим сохта ба истифода дода шудаанд.

Бунёди боѓу  гулгаштҳо  низ  аз тароватҳои  зебои  наврӯзӣ  ба ҳисоб  рафта, ба муҳити  диёр ҳусни  нав зам мекунад, ки ин ҳам  яке  аз оинҳои  муҳими наврӯзӣ мебошад. Тозаву   озода  нигоҳ  доштани  кӯчаю маҳалла,  деҳу шаҳрак ва хонаву ҳавлӣ аз анъанаҳои  дерини   миллиамон  маҳсуб меёбанд.

Инчунин бо мақсади  зарурати  инкишофи инфрасохтори деҳотсолҳои  2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ» эълон  гардидааст, ки ҳадаф аз ин   пешниҳод амалигардонии  талошҳои Ҳукумати  мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани  Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ  бо роҳи беҳтар  намудани   инфросохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу  тандурустӣ,  таъсиси  ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби  босифати ошомиданӣ, бунёду  таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, инфросохтори сайёҳӣ  ва инкишофи ҳунарҳои  мардумӣ,  ба талаботи муосир  мутобиқ сохтани  сатҳи хизматрасонӣ  ва баланд бардоштани некӯаҳволии  мардум  дар ҳар як деҳа ва маҳалли  аҳолинишин мебошад.

Ҳозирини  муҳтарам!

 Наврӯзи аҷам  дорои  таърихи куҳанбунёд бошад ҳам, мо  насли имрӯз бо ифтихор  онро  зодаи  даврони  истиқлолият меҳисобем, зеро маҳз  озодию   соҳибихтиёрии миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки  ҳар як  иду маросими суннатӣ ба таври хоса ва мутантан истиқбол гардад.

Мо имрӯз аз он шукргузор ҳастем, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ боз ба Рӯзи наву шодмонӣ расидем ва дидори нек бо ҳам мебинем. Аз таҷлили ҷашни хуҷастаи Наврӯз кошонаи ҳар яки мову шумо лабрези шодию фараҳ гашта, дар қалбҳо меҳру вафо лона мегузорад.

         Боиси хушнудист, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ бо нақшаву ниятҳои нав оѓоз намудани кору зиндагӣ, аз қалбҳо дур сохтани  кинаву адоват, айёдати пирони рӯзгор, дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон, сарсабзгардонии муҳити атроф, кишту кори баҳорӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ин айём аз тарафи мардум дастгирӣ меёбанд.

Аз табиати офарандаи Наврӯз бармеояд, ки ин ҷашни миллӣ дар баробари дигар суннатҳои худ ҷашни иттиҳоду ягонагӣ мебошад. Наврӯз ҳамбастагии хосу ом, ваҳдати ҷомеа ва дӯстиву рафоқатро боз ҳам қавитар мегардонад.

Дар робита ба ин мавриди қайд аст, ки аз Наврӯз то Наврӯз рӯйдодҳои муҳими хотирмон дар лавҳи хотири мардуми ноҳия нақш бастааст. Ташрифи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро дар тантанаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ мардуми ноҳия бо хушнудӣ истиқбол намуданд ва ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат буданду ҳастанд.

Яке аз масъалаҳои дигари муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳисоб меравад, ки интихобкунандагони ноҳияи мо дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзадҳои арзандаашон овози худро доданд.

 Дар охир бо паёми неку самимӣ, бо меҳру ихлоси бепоён орзуманди он ҳастам, ки баҳори хушпаю Наврӯзи хуҷаста барои миллати тоҷик ва кишвари азизамон Тоҷикистон шодиву нишот ва файзу баракат, рӯзи наву зиндагии тозаро эҳдо намояд.

    Бигзор, бо танини форами обшорон, гулрези шохсорон ва насими ҷонбахши баҳорон таронаи сабзи умрро бо ҳам сароем.

    Бо ҳама орзуву ниятҳои нек бори дигар мардуми шарафманди ноҳияро бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи Ҷамшедӣ самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Ҷашни  Наврӯзи аҷам   муборак,  ҳамдиёрони азиз!