Аксҳо Кишоварзӣ Хабарҳо

Сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба ноҳияи Рашт

Сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба ноҳияи Рашт

         Рӯзи  27 август  муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир ба ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом дода, ҷаласа барпо намуд. Дар ҷаласа масъулини соҳа аз ҷумла раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия, мутахассисони шуъбаҳои кишоварзӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис дурнамои сохтори кишти зироатҳо ва самаранок истифодабарии  замин  баррасӣ  гардид. Аз рӯи ин масъала муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир сохтори  кишти  зироатҳоро  таҳлил  намуда,  аз шахсони мутасаддӣ  пурсиш кард.

Дар натиҷа маълум гардид, ки барои ҳосили соли 2020 кишоварзон бояд дар майдони 4659 гектар кишти зироатҳо аз ҷумла,  кишти зироатҳои ғалладонагиҳои тирамоҳию баҳорӣ 1650 гектар, зироатҳои равғандеҳ 530 гектар,  картошка 1250 гектар,  сабзавот  312  гектар, хуроки чорво 120 гектар,  кишт гузаронанд  ва 797 гектар алафҳои бисёрсолаи солҳои гузаштаро  барои  захира  намудани  хӯроки  чорво парвариш намоянд. Дар охир муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир Зоир бо роҳбарони сохторҳои марбута иҷрои дурнамои сохтори кишти зироатҳоро мувазаф гардонид.

Инчунин ҳадафҳои стратегии мамлакатро бо иштирокчиёни ҷаласа мавриди таҳлил қарор дод. Махсусан оиди ҳадафи чоруми стратегии мамлакат аз аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ гузаштан дастуру супоришҳо доданд. Аз он ҷумла дар ноҳия сохта ба истифода додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкил намудани фермаҳои паррандапарварӣ ва ҳавзҳои моҳипарварӣ.

Инчунин оиди дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 28 сол суханрони намуд.