Ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 дар ноҳия аз тарафи қишрҳои гуногуни ҷомеа чораҳои судманд мавриди амал қарор гирифтанд. Хушбахтона, дар ин раванд ҷавонону наврасон бетараф набуда, дар асоси нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус саъю талош намуда истодаанд. Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо волонтёрони бахш бо дастгирии […]
Хабарҳо
МУҚИМӢ РАҲИМҶОН НАБИЗОДА: ” ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ ТОЗАИ РУШДИ НОҲИЯИ РАШТ”
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани рушди соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ба сатҳи рушди он вобаста аст, дар ноҳияи Рашт тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад. Тавре Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат […]
Новосибирск: Оилаи Бобоҷоновҳо ба ҳамватанони бекормонда кумак карданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар» Соҳибкор Раҳимҷон Бобоҷонов ва бародаронаш Шарафҷон ва Зафарҷон Бобоҷоновҳо, ки айни замон дар Федератсияи Россия кору иқомат доранд, аз ҳисоби даромадҳои софашон барои зиёда аз 600 нафар ҳамватаноне, ки айни ҳол бо сабаби бекорӣ дар Россия банд мондаанд, донишҷӯёни тоҷик, ҳамчунин маъюбону солхӯрдагон новобаста аз миллату халқияташон дар ҳаҷми 3 миллион […]
ДАР ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ба 400 нафар табибони ноҳияи Рашт 200000 сомонӣ маблағ кумак намуд
РАШТ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кумак ба табибон ва беморон дар шароити пандемияи коронавирус, ки зимни паёмҳои шодбошии Сарвари давлат бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва ба муносибати 75-солагии Ғалаба бар фашизм баён гаштанд, дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҳамовозии самимӣ ба миён овард. 14 май аз тарафи соҳибкори […]
Табибон дастгири меёбанд
14 майи соли 2020 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Бобоҷонов Муҳиб ва фарзандони ӯ ба зиёда аз 400 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, ки имрӯзҳо барои табобати аҳолии ноҳия аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) хизмат намуда истодаанд, ба маблағи 500 сомонӣ ба ҳар як корманд кумаки молиявӣ расонида шуд.
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба
09.05.2020, шаҳри Душанбе 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузоштанд. Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]
Корхонаи «Захира дар минтақаи Рашт» 480 тонна орд ва 500 тонна гандум захира намудааст
РАШТ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар» Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал зиёда аз 500 тонна гандум захира намуда, инчунин ба воситаи мағозаҳои зертобеаш дар ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна, Лахш […]
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба
08.05.2020, шаҳри Душанбе Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ – 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми […]
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
23.04.2020, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати […]
Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
17.04.2020, шаҳри Душанбе 17 апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар асоси моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то интихоб шудани […]



