Варзиш Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мусобиқаи варзишии “Ҷоми ҷаҳон оид ба Карате-до шотокан” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  аз  14  то 15 декабри солӣ ҷорӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа 714 варзишгар аз 14 мамлакати дунё, аз ҷумла аз дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар иштирок дошта, бо ҳарифони худ қувваозмоӣ карданд. Боиси хушнудист, ки 2 нафар варзишгари ноҳияи Рашт Искандаршо […]

Хабарҳо

ФЕРМАИ ЧОРВОПАРВАРӢ ДАР ДЕҲАИ МИРТОБ

18 декабри соли равон дар деҳаи Миртоби Ҷамоати деҳоти Ҳоит сохтмони фермаи чорвопарварӣ барои парвариши 150 сар чорвои калони шохдор ва 300 сар бузу гӯсфанд аз тарафи соҳибкор Мирзобек Вазиров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар сохтмони фермаи мазкур ҳоло 58 сар чорвои калони шохдор  ва 200 сар бузу гӯсфанд ба парвариш фаро гирифта шуда, ба […]

Хабарҳо

ВОХӮРИИ МУФИД

Бо мақсади баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат намудан дар маъракаҳои интихоботии соли 2020 гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  фаъолони ноҳияи Рашт суҳбати доманадоре доир намуданд. Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ифтитоҳ кард ва баъди хайрамақдам гуфтани меҳмонон суханашро идома дода гуфт: “Мақсад аз дидори имрӯза доир намудани суҳбату вохӯриҳо бо […]

Хабарҳо

МАЪЮБОН ДАСГИРӢ МЕЁБАНД

Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст. Дар доираи ҳамин тадбирҳо 3 декабри соли равон […]

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

23 ноябри соли 2019 дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар чамъомад муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси комиҷроияи Хизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт,  раиси Суди ноҳия, муовини Пурокурори ноҳия, муовини якуми РВКД дар минтақа […]

Хабарҳо

РАШТИ КУҲАН ҲУСНИ НАВИН МЕГИРАД

Дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъати тоза касб доранд. Дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар низ 10 иншооти таъйиноти гуногун бо иштироки Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи […]

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Президент дар ноҳияи Рашт

Нимаи дуюми рӯзи 15 ноябри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи “Рӯзи Президент”  бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ва ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Ҷамъомад бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди […]

Суханрониҳои раиси ноҳия

Суханронии раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди Ичлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ! Солҳо мегузаранд ва наслҳои оянда, замоне, ки таърихи навини давлатдории тоҷиконро меомўзанд, аз дастовардҳои халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлатдории навин ва истиқлолияти воқеии кишвар, ки  аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад ифтихор хоҳанд кард. […]

Хабарҳо

“ҶУМҲУРИЯТ”. ҲАМКОРИҲО БЕШТАР МЕГАРДАНД

Ҳафтаи сипаришуда Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф, сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба водии Рашт сафари корӣ дошт. Қурбоналӣ Раҳмонзода зимни сафари кориаш пас аз боздиди дастовардҳо дар шаҳри Роғун дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Ҳамидулло Маҳмадшозода, Баротзода Файзулло Раҷаб, […]