Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МОНИТОРИНГИ ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2026–2027

Бо мақсади баррасии рафти иҷрои корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мониторинг баргузор гардид.
Зимни мониторинг масъалаҳои таъмини муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо маводи сӯхт, захираи ангишту ҳезум, омодагии низоми гармидиҳӣ, таъмини мунтазами неруи барқ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти муназзами муассисаҳо дар фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, масъулин оид ба вазъи омодагии муассисаҳо ва корҳои анҷомдодашуда маълумот пешниҳод намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини омодагии ҳамаҷониба ба фасли сармо дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати тадбирҳои пешбинишуда барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият ва таъмини фаъолияти мунтазами муассисаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон аҳамияти муҳим дорад.