Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 6 ноябри соли 2026 бахшида ба 32- юмин солагарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳияи Рашт маросими савганёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор гардид.
Дар ин рӯз наваскарон дар ҳузури фармондеҳон, афсарону сарбозон, волидон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд.
Дар чорабинии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба сухан баромада, наваскаронро ба муносибати рӯзи Конститутсия ва савганёдкуни табрик намуда онҳоро ба хизмати содиқона ва зиракии сиёсии ҳидоят карданд.