Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Рашт боздид намуда, бо рафти дарсҳо ва сатҳу сифати таълиму тарбия шинос гардиданд.

Зимни боздид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, риояи интизоми хонандагон, истифодаи самараноки имкониятҳои муассисаи таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши фанҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Раиси ноҳия бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбат намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас дастуру тавсияҳои дахлдор доданд.