Дар деҳаи Қулои Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва бо ташаббуси сокинони деҳа роҳи дохилии маҳалла ба масофаи 1 километр аз ҳисоби аҳолӣ пурра асфалтпӯш карда шуд.
Иҷрои ин иқдоми созандагӣ барои ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт, рафтуомади сокинон ва дар маҷмӯъ, беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар маросими шиносоӣ бо корҳои анҷомдодашуда Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ободонии роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори деҳот ба ҳисоб рафта, саҳми бевоситаи сокинон дар татбиқи чунин корҳои созандагӣ нишонаи баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад.
Ин иқдом дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами устувор дар роҳи ободии маҳал ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ба шумор меравад.

