Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба сохтмони бинои нави фурудгоҳ расман оғоз бахшида шуд.
Бунёди иншооти мазкур самараи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.
Фурудгоҳи ноҳияи Рашт аз иншооти муҳими стратегии минтақа ба шумор рафта, бунёди бинои нави он дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити муосири фаъолияти кормандон ва қабулу гусели мусофирон нақши муассир хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ истифодаи технологияҳои муосир ва риояи меъёрҳои соҳавӣ таъмин гардида, бино бо тамоми шароити зарурии хизматрасонӣ бунёд хоҳад шуд. Пас аз ба истифода додани он имкониятҳои фурудгоҳ васеъ гардида, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ноҳияи Рашт заминаи мусоид фароҳам меояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт корҳои созандагию ободониро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона идома дода, баҳри бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.



