Бо мақсади гиромидошти 33-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозон, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, муҳтарам Шарифзода Ҳамдулло аз қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия боздиди корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни боздид муовини раиси ноҳия бо шароити хизмат, вазъи будубош ва таъминоти ҳайати шахсӣ аз наздик шинос гардида, бо афсарону сарбозон суҳбат анҷом дод. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими сулҳу субот ва таъмини амнияту оромии ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддасу пурмасъулияти хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, аз ҷониби раиси ноҳия ба як қатор афсарону сарбозон барои хизмати намунавӣ ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат изҳори сипос ва қадрдонӣ баён карда шуд.
Дар анҷоми боздид ба ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ барору комёбӣ, иродаи устувор ва муваффақиятҳои нав дар адои хизмати муқаддаси Ватан орзу карда шуд.

