Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РАШТ: КУМАКҲО БА ОИЛАҲОИ САРБОЗОНИ ШАҲИД

Дар муноқишаҳои байни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар аз сарбозони ноҳияи Рашт баҳри ҳимояи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ба шаҳодат расида буданд.
Бо иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар арафаи Рӯзи Парчамӣ давлатӣ ба оилаҳои сарбозони шаҳидгашта маводи ғизоӣ, аз ҷумла биринҷ, макарон, болопӯши зимистона ва  ангиштсанг кумак расонида шуд.