Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ТоҷикистонВатани азизи мандар ноҳияи Рашт.

Бо дастгирии Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти сарварии муовини якуми раиси ноҳия Шарифзода ҲамдуллоҲоҷӣ, муовини соҳавӣ Хушмаҳмадзода Фарзона, мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳия Лоиқова З.Қ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявииТоҷикистонВатани азизи ман“- ро бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд. Аз ин истиқболи гарму самимӣ ғолибон хеле хурсанд гардида, миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти ноҳия расониданд. Умед бар он дорем, ки ҷавонони лаёқатманди ноҳияи Рашт ҳамеша бо муваффақиятҳои худ дар соҳаҳои гуногун парчамбардори давлату миллати хеш мегарданд