Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои ноҳия беш аз ду ҳафта тантана дошт.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бахшида ба ин рӯзи муқаддас бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои бошандагони шаҳраку деҳот, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва пешкаши барномаҳои рангини фарҳангӣ чорабиниҳои идона баргузор гардид.
Чорабинии ноҳиявӣ ба ин муносибат дар майдони варзишии деҳаи Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум таҷлил шуд.
Қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон аз дастовардҳои сокинони деҳот ва ноҳия дидан намуданд.
Чорабинии мазкурро Маҳмадисо Ҷононзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, кушода, аҳли нишастро хайрамақдам гуфт.
Идизода Зарина Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт номаи шодбошии худро ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ироа кард. Мавсуф зимни баромади худ изҳор дошт, ки “…барқарор гардидани сулҳу субот ва расидан ба Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихие мебошад, ки назир надорад. Дар кишвари маҳбубамон ба ҳамин хотир он ҳамасола мутантан таҷлил мегардад.
Баъд аз музокиротҳои пайваста ва давомнок 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат кард. Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон сарчашмаи  эҳёи фарҳанги давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар гардида, самараҳои наҷиби таърихӣ ба бор овард, ки гувоҳи тинати поку сулҳофар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо даъвати Пешвои маҳбубу волохирад гурӯҳҳои бо ҳам зид силоҳ ба замин гузоштанд. Ба ҷойи яроқ олоти меҳнат ба даст гирифта, канори ҳам омада, аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ гузаштанд. Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳода, ба як қатор дастовардҳои назаррас, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳо, нақбу пулҳо, роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва дигар иншооти азим ноил шуд.

Пазируфтани пешниҳодҳои Тоҷикистон аз тарафи Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», эҳёи анъанаҳои неки миллиамон ба хотири муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон, аз ҷумла ҷашнҳои «Тиргон», «Меҳргон» ва «Сада», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 аз ташаббусҳои илҳомбахши Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Рӯзҳои парешонӣ паси сар шуданд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, амалисозии як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳим ба рӯзҳои неку фараҳбахш расида, дар фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ, рӯзгори шоиста ба сар мебаранд ва бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ, ободкориву созандагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд”.

Раиси ноҳия, ҳамчунин, дар фарҷоми баромадаш як қатор собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва соҳибкорону фаъолони ноҳияро бобати саҳми назаррас доштанашон дар пешрафти хоҷагии халқ бо сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сарфароз гардонд.

Дар охир аз тарафи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҳофизи халқии Тоҷикистон устод Файзалӣ Ҳасан, сарояндаи шинохта Шаҳло Ҳафизова ва чанде дигарон барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонда шуд.