Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад. Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Вобаста ба супориши болозикр таҳти сарпарастии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, субҳи 14 апрел дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки гурӯҳи кории ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситод баргузор гардида, аз тарафи муовини Сарвазири кишвар ҷиҳати таъмини зарадидагони зилзила бо маводи ғизоӣ, дастрасӣ ба хаймаҳои муввақатӣ, барқу гармӣ, табобати осебдидагон ва ҳалли дигар мушкилоти иҷтимоӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зарари расида, дар муҳлати кутоҳ барқарор карда мешавад, гуфта шуд аз тарафи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар анҷоми вохурӣ таъкид карда шуд, ки вобаста ба ин масоил нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидаанд.