Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон дар таърихи навини тоҷикон

      Санаи 16- ноябри соли 2024 дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи Рашт маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо аҳли нашастро бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда. Қайд карда шуд, ки дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, рӯйдодҳои муҳими таърихи кишвар, аз ҷумла баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фараҳбахш ҷашн гирифта мешавад.

  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд шуда газашт, ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон замина гузошта, халқи тоҷикро аз парешонию парокандагӣ раҳоӣ бахшид.
Муддати 32 сол, ки аз баргузории ин И
ҷлосия мегузарад, барои таърих фосилаи чандон тӯлонӣ нест, аммо барои кишвари навҷавони мо марҳилаи худшиносӣ, ҳувият, ободонӣ ва фарҳангсозӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин Иҷлосия, ки ба таърихи пуршарафи хулқу ватанамон чун Иҷлосияи таърихиву сарнавиштсоз ворид шудааст, на танҳо Тоҷикистони азизамонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, балки барои миллатамон роҳнамову роҳкушо ва Пешвои муаззаму муқтадир бахшид, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба чунин як раҳобахши бузург ниёз дошт. Ин ҳамоиши бузурги таърихӣ дар  даврае ба амал омад, ки умуман дар бораи ваҳдату якдигарфаҳмӣ сухан гуфтан аз имкон берун буд. Аммо хиради азалии мардуми тоҷик бо шарофати даъвати ин Иҷлосия барои ҳалли мушкилоти ба миёномада роҳ ҳамвор намуд ва имкон дод, ки паёмадҳои ин чорабинии бузурги миллӣ сабаби тағйироти куллии сохтор ва мазмуну муҳтавои давлатдории тоҷикон ва ҳувияти миллии онҳо гардад. Воқеан, маҳз ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасти худи тоҷикон навишта шудани сарнавишти таърихии онҳо сабаб ва омили ҳалкунанда буд.
Дар охир санъаткорони бахши фар
ҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.