“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст“. Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошҳта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Дар таҷлили ин ҷашни куҳанбунёд, ки рӯзи 20 октябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе доир гардид, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ масъулини ноҳия Рашт низ фаъолона иштирок намуданд.
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…