Санаи 08 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи бисту якум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рўзномаи иҷлосияи бисту якум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
1. Рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» (Гузориши муовини якуми раиси ноҳия Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷи.)
2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Рашт аз 31 майи соли 2023, №265 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯсти, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷткистон барои солҳои 2024-2027, дар ноҳияи Рашт» (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода Ф.)
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Оби Меҳнат №21 Маҳмадов Р.
4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ҳайдарзода О).
Масъалаҳои мавриди назар аз ҷониби вакилон баррасӣ шуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.