Санаи 22 майи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Рашт мухтарам Шарифзода. Ҳ, кормандони Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, сардорони шуъба, бахш ва ҳайати кормандони МИД ҷаласа баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои банди 3-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 465 “Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият” (хавфҳои коррупсионӣ) ва пешгири аз содир намудани кирдорзои коррупсион мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки таҳлили хавфҳои коррупсиони бо мақсади ошкор намудани сабабу шароитҳое, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд, хамчунин таҳияи тавсияҳо чиҳати аз байн бурдани таъсири онҳо гузаронида мешавад.